Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз мактаб дур мондани кӯдаконро, ки солҳои ахир дар саросари Тоҷикистон ба назар мерасад, нигароникунанда арзёбӣ мекунанд.

Бунафшаи Шаҳобиддин, ки 16-сол дорад, яке аз онҳоест, ки мактабро то синфи панҷум таҳсил кардааст. Вай мегӯяд, ҳоло ҳамсолонаш дар синфи ёздаҳ таҳсил мекунанд, аммо вай панҷ сол аст, ки машғули кори хона аст. «Синфи панҷро тамом кардам синфи шаш мегузаштам, ҳамагӣ ду ё се руз ба мактаб рафтам. Бародарам гуфт, ки духтарро чӣ хонданаш чӣ. Бо ҳамин дигар ба мактаб нарафтам. Вале пушаймон шудам, ки аллакай дер шуд».

Бунафша мегӯяд, ҳарчанд бародараш монеи таҳсил дар мактаб шуд, аммо худаш низ талоше ҳам накард то таҳсилро идома диҳад. Вай гуфт: «Ростӣ намедонам, кори хона ҳамеша ба сари ман буд. Мактаб ҳам дар назарам чандон аввалиндараҷа наменамуд.»

Қатъи таҳсили духтарон дар манотиқи дурафтодаи Тоҷикистон, ки мақомот онро ба хурофоти мазҳабӣ рабт медиҳанд, то рафт ба раванди маъмулӣ табдил меёбад, аммо баррасии ин падида дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бори аввал нишон дод, ки масъала дар ин ҷо низ ҷиддист.

Баҳрулло Саидов.

Баҳрулло Саидов.

Нигаронии мақомот дар ҳоле рӯ зад, ки ахиран як духтар дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе ба иллати қатъи таҳсил даст ба худкушӣ зад. Баҳрулло Саидов сардори шӯъбаи кор бо ноболиғони ноҳияи Фирдавсӣ бо овардани мисол аз худкушии духтараки 15 солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаё Ашурова гуфт, ин ноболиғ дар ҳоле даст ба худкушӣ задааст, ки волидонаш монеи таҳсили ӯ шудаву «ин духтарак тарки мактаб карда ва дар хона аз тариқи телефон бо як ҷавон ошно мешавад. Аз кори ин духтар ин модару бародараш хабардор шуда ӯро сарзаниш мекунанд, ки дар ниҳоят вай худашро меовезад.»

Солеҳа Холова, вакили дифоъ ва яке аз масъулони тарҳи «Хушунати хонаводагӣ» аз Маркази «Боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон мегӯяд, онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз қатъи таҳсили духтарон ин тарҳро пиёда кардаанд. «Ҳоло ин тарҳро танҳо дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ мекунем. Баъдан метавонем, ки дар оянда дар минтақаҳои дигар ҳам барои ҷилавгирӣ аз канормондани духтарон ин тарҳро амалӣ созем.»

Валентина Юлдошева раҳбари кумитаи падару модарон дар мактаби 42-и ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, онҳо ба мақомоти интизомии ноҳия пешниҳод карданд бо таъсиси чунин рейдҳо натанҳо ба масъалаи қатъи таҳсили духтарон, балки ба ҷинояткории ноболиғон низ расидагӣ шавад. «Ҳамкорӣ бо милиса ва дар як ҷоягӣ бо падару модарон метавонем, духтаронеро, ки дар хона мондагӣ ҳастанд ба мактаб ҷалб кунем. Шумораи онҳо кам ё зиёд аст мо дақиқ намедонем, вале бояд онҳоро фаҳмонем, ки ба таҳсили духтарҳо монеъа нашаванд».

Бино бар омори расмӣ дар Тоҷикистон дар як сол наздик ба 5000 кӯдак, аз ҷумла 800 духтар таҳсилро дар макотиби ҳамагонии кишвар қатъ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG