Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии раиси "Вавилон" ба ҳайси шоҳид дар додгоҳи Зайд Саидов


Рӯзи 23 сентябр дар мурофиаи додгоҳии соҳибкори маъруф ва раиси гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидов 3 нафар, аз ҷумла Беҳзод Файзуллоев – раиси ширкати телефонҳои мобили «Вавилон» дар робита ба қазияи корхонаи «Тоҷикатлас» пурсидаанд. Мақомот Зайд Саидовро гунаҳкор мекарданд, ки ҳангоми вазири саноат буданаш ин корхонаро аз Низомхон Ҷӯраев, раиси корхонаи кимиёвии исфара, ҳамчун пора гирифтааст. Худи Саидов ин иттиҳомро радд мекунад.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидов рӯзи 23 сентябр ба Озодӣ гуфт, дар муҳокимаи парвандаи ӯ то рӯзи 26 сентябр танаффус эълон шуд. Мақомот алайҳи Зайд Саидов, ки аз рӯзи 19 май дар боздошт қарор дорад, бар асоси 8 иттиҳом, аз ҷумла ришвагирӣ, сӯъиистифода аз мақом, таҷовуз ба номус ва бисёрзанӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Худи соҳибкори 54-сола ин иттиҳомотро сиёсӣ номида, мегӯяд, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав мавриди таъқиб ва боздошт қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG