Пайвандҳои дастрасӣ

Талбаков номзад ба мақоми президент муаррифӣ шуд


Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон рӯзи душанбе дар анҷумани пешазинтихоботии худ, Исмоил Талбаков як узви собиқадор ва вакили порлумонро номзад ба мақоми раиси ҷумҳур муаррифӣ кард. Исмоил Талбаков, аз сиёсатмадорони собиқадори тоҷик дар интихоботи соли 2006 низ ширкат кард, вале раъйи зиёде ба даст наовард. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли равон баргузор мешавад ва то кунун 6 ҳизби сиёсӣ ба истиснои ҳизби ҳокими Халқии демократӣ номзадҳои хешро муаррифӣ кардаанд. Аксарият интизор доранд, ки дигарбора Эмомалӣ Раҳмон номзади ҳизби ҳоким хоҳад буд ва дар интихобот ҳам пирӯз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG