Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин 3 миллион гектар замини Украинаро иҷора мегирад


Бино ба гузоришҳо, Ҷумҳурии Мардумии Чин бар асоси як қарордод бо Украина 3 миллион гектар замини ин кишварро барои зироаткориву чорводорӣ иҷора хоҳад гирифт. Расонаҳои чинӣ мегӯянд, Ширкати Тавлидотӣ ва Сохтмонии Шинҷон бо ширкати давлатии КСГ Агрои Украина қарордоде имзо кардаанд, ки бар асоси он Чин дар марҳилаи аввал дар вилояти Днепропетровск 100 ҳазор гектар заминро барои кишти ғалла ва хукпарварӣ иҷора мегирад. Дар ниҳоят, мумкин аст, Чин бо арзиши 2 миллиарду 600 миллион доллар то 3 миллион гектар замини Украинаро иҷора бигирад. Аҳолии Чин панҷяки аҳолии курраи Заминро ташкил медиҳад, вале ин кишвар фақат 9 дар сади қаламрави онро дар даст дорад. Гузориши мазкурро ҳанӯз мақомоти Украинаву Чин таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG