Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасдиқи Стратегияи муқобала бо корупсия барои то соли 2020


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне, Стратегияи муқобала бо корупсия барои солҳои 2013 - 2020-ро тасдиқ кард.

Як масъули дафтари матбуоти оҷнсии назорати молии ва мубориза бо корупсия бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "матни ин барнома бо дастури Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ба вазорату идораҳо фиристода шудааст, то маврид иҷро қарор гирад."

Ба иттилои ин манбаъ, "коҳиши мизони фасод дар Тоҷикистон, рафъи монеъаҳои мавҷуд, эҷоди шароит барои рушди иқтисоди кишвар ва аз ин тариқ беҳтар намудани некуаҳволии мардум" аз ҳадафҳои аслии Старатегияи мубориза бо корупсия унвон шудааст.

Манбаъ меафзояд, ин санад бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи маданӣ таҳия шудааст.

Ин аст, ки ба манзури иҷрои муқарароти лозима, дар чорчуби ин санад нақшаи
дохилиидоравии дусола таҳия мешавад, ки умури фаҳмондадиҳӣ дар меҳвари он қарор мегирад.

Назорат барои иҷрои ин стратегия ба зимааи шӯрои миллии муқобала бо корупсия вогузор шудааст.

Тасдиқи стратегияи муқобала бо корупсия барои то соли 2020 дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Оҷонсии омори Тоҷикистон, ки моҳи майи соли ҷорӣ мунташир шуда буд, мизони фасод дар кишвар ҳудуди 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ин гузориш вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро дар семоҳаи аввали сол баррасӣ кардааст, ки «мувофиқ ба таносуби ҷиноятҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Додситонии кулл, вазорати умури дохила, Оҷонсии мубориза бо фасод ва дигар ниҳодҳои марбута ба қайд гирифта шуданд, мизони фасоду коррупсия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 дарсад афзоиш ёфтааст.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки бар пояи ин гузориш дар се моҳи аввали сол 738 ҷинояти иқтисодӣ ба мисли порахӯрӣ, ришваситонӣ, дуздии ҳаҷман калон ва махсусан калон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миён 278 ҷиноят ошкор карда шудааст.

Гузориши мақомоти расмии Тоҷикистон дар мавриди афзоиши фасод дар ҳоле нашр мешавад, ки дар моҳи декабри соли гузашта созмони Transperency International дар гузориши худ мизони фасод дар 176 кишвари ҷаҳонро “чен” карда, Тоҷикистонро дар мақоми 157-ум қарор дода буд.

Мубориза бо фасод аз чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлати Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар, Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад. Аммо то ҳоло ягон мансабдори сатҳи болоии давлат бо иттиҳоми фасод боздошт ва муҷозот нашудааст, то ба воқеияти ин мубориза таъкид шавад. Ғайр аз ин масъулони дигар мақомот ба он таъкид мекунанд, ки худи кормндони оҷонсии зидди коррупсия ба фасод даст мезананд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG