Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Боку ҷонибдорони номзади мухолифин ҷамъ омаданд


Дар Боку рӯзи якшанбе ҳамоиши ҷонибдорони номзад ба мақоми раисиҷумҳури Озарбойҷон аз Шӯрои миллии нерӯҳои демократӣ Ҷамил Ҳасанлӣ баргузор шуд.

Дар гирдиҳамоӣ қатънома бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва таъмини ҷойҳои муносиби мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон дар пойтахт ва манотиқи кишвар қабул гардид.

Ҷонибдорони мухолифин гуфтанд, ки нерӯҳои амниятӣ роҳҳо сӯи ҷойи баргузории ҳамоишро бастанд, аз ин рӯ ҳама хоҳишмандон имкони ширкат дар гирдиҳамоиро надоштанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон 9 октябр баргузор мешавад. Дар ин сабқат раҳбари феълии кишвар Илҳом Алиев ҳам ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG