Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихобот ба Бундестаг ҳизби Меркел пешсаф аст


Дар Олмон раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ анҷом ёфт. Баъд аз баста шудани дари қитъаҳои интихоботӣ баршумурдани раъйҳо ба Бундестаг шурӯъ шуд ва ҳамзамон нашри экзит-полҳо мумкин гардид. Хабаргузориҳо бо такя ба иттилои DIMAP, як гурӯҳи назарсанҷӣ, иттилоъ доданд, ки чаҳор ҳизб – Иттиҳоди насронӣ-демократӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, ҳизби “чапгароҳо” ва ҳизби ҳомиёни муҳити зист ба дарёфти мандатҳои парлумон муваффақ шуданд. Иттиҳоди насронӣ-демократии садри аъзам Ангела Меркел, бар пояи экзит-пол, беш аз 42 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Аммо Ҳизби озоди демократӣ, узви эътилофи ҳукмрони феълӣ, дар интихобот ноком шуд.

Тақрибан 62 миллион шаҳрвандони Олмон соҳиби ҳаққи раъйанд. Ба иттилои хабаргузориҳо, беш аз 41 сади олмониҳои соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ омадаанд.

Барои мандати Бундестаг имсол 4451 нафар талош карданд, ки ин, ба иттилои комиссиюни интихоботии федеролӣ, назар ба интихоботи парлумонии чор соли пеш 900 нафар бештар аст.

Аз ин пеш нозирон гуфтанд, ки барои ишғоли курсии садри аъзам хонум Ангела Меркел шонси бештар дорад ва аммо ӯ шояд дар таъсиси эътилофи ҳукмрон ба мушкил мувоҷеҳ шавад.
XS
SM
MD
LG