Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Найробӣ афзоиш ёфт


Теъдоди қубониёни ҳамлаи террористон ба маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Найробӣ, пойтахти Кения, ба 59 нафар расид. Дар ин бора вазири умури дохилии кишвар Ҷозеф Оле Ленку хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, миёни қурбониёни ҳамла пайвандони раисиҷумҳури Кения ва шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ҳастанд. Вазир афзуд, ки айни ҳол аз 10 то 15 тан аз ҳамлагарон дар дохили биноянд. Теъдоди онҳое, ки мусаллаҳони гурӯҳи “Ал-Шубоб”-и Сомалӣ гаравгон гирифтаанд, маълум нест. Ин гурӯҳ гуфт, ки ҳамларо дар посух ба ширкати низомиёни Кения дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Сомалӣ анҷом додааст. Ҳамла рӯзи шанбе шурӯъ шуд ва амалиёти вижа алайҳи ҳамлагарон то ҳанӯз идома дорад.

Миёни қурбониёни ҳодиса чаҳор нафар шаҳрвандони Амрикоянд. Ба иттилои Кохи Сафед, азҷумла, хонуми як корманди Оҷонси рушди байнулмилалии ИМА (USAID) ҳадафи тир қарор гирифтааст. Намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА Кэйтлин Ҳайден изҳор намуд, ки Вошингтон барои кӯмак ба Кения барои ба ҷавобгарӣ кашидани афроди дар ин ҳамлаи террористӣ дастдошта омода аст. Ҳукумати Канада ҳам дар бораи кушта шудани ду шаҳрвандаш хабар дод. Яке аз онҳо корманди 29-солаи вазорати умури шаҳрвандӣ ва муҳоҷират Аннамарӣ Делож аст, ки дар сафари хизматӣ дар сафорати Канада дар Найробӣ қарор дод. Ному насаби қурбонии дуввум эълн нашудааст.

Дар маркази тиҷоратии "Уэстгейт" ҳамчунин ду шаҳрванди Фаронса ба ҳалокат расидаанд. Ахиран Бритониё ҳам эълом дошт, ки дар ин ҳамла се шаҳрвандаш ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG