Пайвандҳои дастрасӣ

Шарти мухолифини Димишқ барои ширкат дар нишасти Женева


Ҳайати Эътилофи нерӯҳои мухолифин ва инқилобии Сурия гуфтанд, ба шарте дар конфаронси байнулмилалӣ дар Женева ширкат мекунад, ки дар он мавзӯи таъсиси ҳукумати давраи гузариш баррасӣ шавад. Ба навиштаи хабаргузории Рейтер, ба ин нукта дар номаи раҳбари Эътилоф Аҳмад Ҷерба ба Шӯрои амнияти СММ таъкид шудааст. Ӯ ҳамчунин дар Шӯрои амният даъват кардааст, ки барои ҷорӣ кардани режими оташбас дар кишвари гирифтори даргириҳо чораҳои зарурӣ андешад. Аҳмад Ҷерба ҳамчунин талаб кардааст, ки дар қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба нобудсозии силоҳи кимиёвии Сурия ба зарурати истифодаи нерӯ дар сурати сарпечии ҳукумати Башор Асад аз иҷрои ин ӯҳдадорӣ таъкид шавад.

Рӯзи конфаронси байнулмилалӣ оид ба Сурия то ҳол мушаххас нашудааст.

Аз ин пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, кишварҳои ғарбиро дар "бархӯрди сиёсӣ ба бӯҳрони Сурия" айбдор кард. Дар сӯҳбат бо шабакаи аввали телевизиони Русия ӯ гуфт, Ғарб мехоҳад ба ҳар василае раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро сарнагун созад, то намоиш диҳад, ки дар Ховари Миёна кӣ хуҷаин аст.
XS
SM
MD
LG