Пайвандҳои дастрасӣ

Отахон Латифӣ - устоди рӯзноманигорон, яке аз поягузорони сулҳ...


Отахон Латифӣ. Акс аз интернет.

Отахон Латифӣ. Акс аз интернет.

Ҳар сол дар рӯзи даргузашти устод Отахон Латифӣ аҳли хонавода, дӯстону наздикон дар манзилаш гирд меоянд ва аз ӯ ёд мекунанд.

Чандин сол аст, ки дар ин рӯз расман маҳфили ёдбуди ӯ дар Тоҷикистон баргузор намешавад.

Манзура Яъқубова, ҳамсари устод Латифӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз ҳам танҳо наздикони марҳум ҷамъ шудаанд. Ӯ гила кард, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ягон бор дар ягон ҷо номи ин рӯзноманигори маъруф ва яке аз поягузорони сулҳи тоҷикон зикр намешавад ва «ҳатто дар рӯзи имзои Созишномаи сулҳ ӯро ба ёд намеоранд».

Манзура Яъқубова афзуд, худи ӯ дар ҷашни 70-солагиии устод китобе нашр намудааст ва бо ибтикори ӯ ҷашни 75-солагиаш дар Хонаи адибон баргузор шуда буд.

Отахони Латифӣ аз ҷумлаи рӯзноманигорони ангуштшумори тоҷик буд, ки замони шӯравӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ мақоми вижае дошт. Суханаш ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои давлатмардон таъсиргузор буд. То имрӯз ҳатто мардуми одӣ вақте мехоҳанд дар бораи таъсири сухани рӯзноманигор ба раванди ҷомеа ва фаъолияти давлат ҳарф зананд, аз корномаи Отахони Латифӣ намуна меоранд.

Отахони Латифӣ соли 1938 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, дар риштаи хабарнигории донишгоҳи шаҳри Ленинград, ҳоло Санкт-Петербурги Русия таҳсил кардааст. Дар солҳои шастуми асри гузашта фаъолияти рӯзноманигорашро оғоз намуда, нахуст дар рӯзномаи «Комсомолская Правда» ва баъдан то поёни солҳои 80 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Правда», нашрияи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон кор кардааст.

Абдурофеъ Рабизода, нависандаи тоҷик мегӯяд, то ба саҳна омадани Латифӣ дар рӯзноманигории навини тоҷик, матолиби рӯзномагирон хислати хабарӣ дошт ва ба оҳанги замона ҷӯр навишта мешуд: «Латифӣ дар навиштаҳояш масъалагузорӣ кард ва рӯзноманигории таҳлиливу таконбахшро ба майдон овард».

Ҷаноби Рабизода меафзояд, замоне ки бунёди нерӯгоҳи Норак тӯл мекашид, устод Латифии рӯзноманигор миёни аҳли заҳмати ин сохтмони бузург ҳаракати коргариро созмон дод ва коргарон тасмим гирифтанд, ки ҳар гурӯҳи аз онҳо ба кори гурӯҳи дигаре, ки қафо мондааст, кӯмак кунад. Натиҷаи ин тадбир он шуд, ки сохтмон пеш аз мӯҳлат ба анҷом расад ва имрӯз аҳолии деҳот аз ҳамон чанд соати барқ дар фасли сармо маҳрум нашавад.

Рӯзномагирони тоҷик эътироф мекунанд, ки Отахон Латифӣ барои насли баъдӣ ҳаққи устодӣ дорад, зеро онҳо аз матолиби устод ва сабки кораш сабақи зиёд бардоштаанд ва имрӯз ҳам метавонанд аз онҳо баҳраманд шаванд.

Қироншоҳи Шарифзода, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори омма, ки он солҳо дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият кардааст, ба ёд меорад, ки устод ҳафтае як бор ҳатман ба идораи ин рӯзнома омада, бо ҷавонон мулоқот ва суҳбат мекардааст: «Мо боре аз устод дар бораи мақолаи овозадорашон «Платина», ки дар рӯзномаи «Правда» чоп шуда буд, суол кардем. Устод гуфтанд, ки ин матлабро дар се моҳ навиштаанд».

Отахони Латифӣ на танҳо ҳамчун рӯзноманигор, балки ба унвони як шахсияти соҳибном дар ҷомеа мақом дошт ва ба раванди таҳаввулоти он бефарқ набуд.
Замони даргириҳои дохилии Тоҷикистон Отахони Латифӣ соли 1992 тарки Тоҷикистон кард ва ду сол дар Маскав ва се соли дигар дар Теҳрон иқомат дошт.
Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ, ки ин рӯйдод 27 июни соли 1997 ба вуқӯъ пайваст, Отахони Латифӣ ба Душанбе баргашт аз моҳи сентябри соли 1997 то дами марг ба ҳайси раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии кумиссиюни оштии миллии (КОМ) Тоҷикистон ба кор пардохт.

Кароматулло Олимов, узви ин комиссиюн саҳми Отахони Латифиро дар ҷараёни музокирот ва барқарорсозии сулҳ хеле муассир арзёбӣ мекунад. Ҷаноби Олимов мегӯяд, ҳарчанд дар ҷараёни музокирот миёни онҳо баъзан баҳсу мунозираҳо ҳам сурат мегирифт, аммо талоши Латифӣ барои ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани сулҳ эҳсос мешуд : «Дар қабули як силсила санадҳо оид ба масоили ҳуқуқӣ, аз ҷумла қабули қонуни афв, афви онҳое, ки дар муқовиатҳои дохилӣ ширкат кардаанд ва ҳалли масоили вобаста ба сулҳ дар бештари маврид Латифӣ мавқеи муҳим ва мусбат дошт».

Аммо умр вафо накард, ки Отахон Латифӣ рӯзи анҷоми кори комиссиюни оштии миллиро бубинад. Як рӯзе, ки бемуҳофизу беронанда буд, дар қарибии манзили зисташ ба шаҳодатрасид. То ҳанӯз сабаби куштор ва фармоишгарони он ошкор нашудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG