Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркишҳо дар Пешовар 50 кушта бар ҷой гузоштанд


Мақомоти шаҳри Пешовари Покистон гуфтанд, ки бар асари ду таркиши маргталабона дар канори калисои масеҳии Ионни Муқаддас дасти кам 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Тақрибан 70 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Табибон вазъи бештари осебдидагонро вахим арзёбӣ кардаанд.

Бар пояи бархе хабарҳо, дар ин ҳамла ду корманди полис ҳам кушта шудаанд.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки ду маргталаб худро инфиҷор кардааст. Ҳангоми таркишҳо дар калисо тақрибан 600 нафар ҳузур доштанд.

Ин нахустин ҳамлаи хунбор алайҳи масеҳиҳо дар Покистон дар чанд соли ахир маҳсуб мешавад. Тақрибан чаҳор дар сади аҳолии ин кишвари исломӣ пайравони дини насрониянд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст. Дар атрофи Пешовар, маркази маъмурии вилояти Ҳайбар Пахтунхва, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, гурӯҳҳои ифротгаро ва Толибони Покистон фаъоланд.
XS
SM
MD
LG