Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Пешовар маргталаб худро дар назди калисо тарконд


Дар шаҳри Пешовари Покистон дар канори калисои масеҳӣ таркиши мудҳиш ба вуқӯъ пайваст. Бар навиштаи хабаргузориҳо, аз 9 то 25 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти шаҳр мегӯянд, ки теъдоди қурбониёну осебдидагонро ҳанӯз мушаххас накардаанд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки як маргталаб худро инфиҷор кардааст. Ҳангоми ин ҳамла дар калисо тақрибан 600 нафар ҳузур доштанд.

Масъулияти ҳамларо касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст

Пешовар, ки бештари мардумаш паштунанд, маркази маъмурии вилояти Хайбар- Пахтунхва, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG