Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо Силай, яке аз маъруфтарин сиёсатмадор ва аъзои пешини ҳизби коммунисти Чин, ки бо иттиҳоми фасоди молӣ муттаҳам дониста мешуд, рӯзи якшанбеи 22-уми сентябр ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Вай дар айни ҳол тамоми ҳуқуқи сиёсӣ ва сарвату моли худро бино ба ҳукми додгоҳ аз даст медиҳад.

Бо Силай барои ғайриқонунӣ аз худ кардани маблағҳои зиёди буҷаи ҳукумати Чин ва суистифода аз мақоми давлатӣ айбдор мешавад.

Ҳизби коммунист, ки раҳбари ҷумҳурии халқи Чинро аз соли 1949 ба таври мутлақ дар ихтиёр дорад, тайи солҳои гузашта бо интиқодҳои зиёди дохили кишвараш барои мубориза бо фасоди молӣ ру ба рӯ аст.

Аммо дар мавриди боздошт ва муҳокимаи Бо Силай назарҳо ва таҳлилҳои гуногун мунташир шудаанд. Бархе аз онҳо, бо далоили аз мансаби давлатӣ барканор шуданаш инро сиёсӣ медонанд.

Аммо дастгоҳи ҳукумати Чин то охирин лаҳзаи муҳокима ин мавзуъро танҳо барои «мубориза бар фасод» матраҳ мекунад.

Як сол пеш раиси полиси шаҳри Чунтсин Ван Литсзюн изҳор намуд, ки Гю Кайлай, хонуми Бо Силай, дар куштори тоҷири бритониёвӣ Нил Ҳайвуд даст дорад. Гю Кайлай ва Ван Литсзюн боздошт шуданд. Хонуми Бо Силай бо иттиҳоми куштор ба қатл бо тавъиқ барои ду сол ва раиси собиқи полис барои хиёнат ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд.

Мурофиаи додгоҳии Бо Силаи 64-сола моҳи август шурӯъ шуда буд.

Як ҳафта қабл аз оғози муҳокимаи додгоҳии Бо ҳамчунин Жу Ёнг Кунг, узви соиқ давфтари сиёсии ҳизби коммунисти Чин ба фасоди молӣ дар пружаҳои нафтӣ муттаҳам шуда буд. Мунтақидони ҳукумати Чин ин далоилро бар он рабт медонанд, ки ҳукумати Чин дар фасоди молӣ «ғутавар» шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG