Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо Силай ба ҳабси абад маҳкум шуд


Бо Силай, сиёсатмадори маъруфи чиноӣ, рӯзи якшанбе, 22 сентбяр, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Чунтсин ӯро аз рӯи ҳарсе иттиҳом – фасод, ришватхорӣ ва сӯиистифода аз мақом айбдор хонд.

Собиқ дабири кумитаи ҳизби коммунист дар шаҳри Чунтсин яке аз сиёсатмадорони ояндадори Чин маҳсуб мешуд, аммо ӯро моҳи марти соли 2012 аз мақому аз ҳизб ихроҷ ва аз мандати вакили парлумон – Маҷлиси умумичиноии намояндагони мардумӣ маҳрум карданд.

Ба иттилои мақомоти тафтишот, Бо Силай аз роҳи ғайриқонунӣ чору ним миллион долларро ба ҷайби худ задааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ Бо Силай иттиҳомотро рад карда буд.

Як сол пеш раиси полиси шаҳри Чунтсин Ван Литсзюн изҳор намуд, ки Гю Кайлай, хонуми Бо Силай, дар куштори тоҷири бритониёвӣ Нил Ҳайвуд даст дорад. Гю Кайлай ва Ван Литсзюн боздошт шуданд. Хонуми Бо Силай бо иттиҳоми куштор ба қатл бо тавъиқ барои ду сол ва раиси собиқи полис барои хиёнат ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд.

Мурофиаи додгоҳии Бо Силаи 64-сола моҳи август шурӯъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG