Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) нахустин бозиашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё бо тими Ҳиндустон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ин бозии даври аввали гурӯҳи “А” 21-уми сентябр дар Кувайт баргузор шуд. Ҳисобро Кароматулло Саидов, узви мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 36-ум боз кард. Вале дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 57-ум, бозигари ҳинду Просенҷит Чакрабортӣ аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд.


Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузукӣ, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи “А” боз бо дастаҳои Бутан (23-юми сентябр), Кувайт (27-уми сентябр) ва Лубнон (29-уми сентябр) рақобат мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии нахустин чунин буд: Беҳрӯз Хайриев, Алишер Сафаров (капитан), Абубакр Азимов, Сӯҳроб Мирзоев, Сироҷиддин Гулмуродов, Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов, Сӯҳроб Муъминов (Эҳсони Панҷшанбе, 84), Муҳаммадҷон Шарифов, (Собирҷон Гулаков, 66), Муҳаммадҷони Ҳасан, Рустам Толибов.


Лубнон - Бутан - 4:2
Голҳо: Алӣ Хароубӣ, 11 (1:0). Амин Ал-Дебек, 32 (2:0). Амир Абу Фаҳир, 53 (3:0). Ралф Ҳайят, 75 (4:0). Самтен, 90 (4:1). Нҷаванҷ Тшеринг, 90+3 – аз пеналтӣ (4:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 Лубнон 1 1 0 0 4-2 3
2 Тоҷикистон 1 0 1 0 1-1 1
3 Ҳиндустон 1 0 1 0 1-1 1
4 Кувайт 0 0 0 0 0-0 0
5 Бутан 1 0 0 1 2-4 0

Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 2-юм
23 сентябр (душанбе)
18.50 – Лубнон – Кувайт
22.50 – Бутан – Тоҷикистон
Даври 3-юм
25 сентябр (чоршанбе)
18.50 – Кувайт – Бутан
22.50 – Ҳиндустон - Лубнон
Даври 4-ум
27 сентябр (ҷумъа)
18.50 – Ҳиндустон – Бутан
20.50 – Тоҷикистон – Кувайт
Даври 5-ум
29 сентябр (якшанбе)
18.50 – Лубнон – Тоҷикистон
20.50 – Кувайт – Ҳиндустон
Эзоҳ: замони оғози бозӣ - ба вақти Душанбе.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG