Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳсулоти кишоварзони тоҷик дар шаҳри Сочӣ


Дар шаҳри Сочии Русия ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ин ярмарка зимни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочӣ барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шудааст.

Хабаргузориҳои русӣ аз қавли масъулони ин ярмарка навиштаанд, ки дар ин ярмарка зиёда аз 540 тонна меваву сабзавоти деҳқонони тоҷик ба шаҳри олимпии Сочӣ оварда шудааст.

Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии деҳоти Тоҷикистон зери унвони «Тӯҳфаи табиати Тоҷикистон» имрӯз 22 сентябр дар майдони Шимоли шаҳри Сочӣ баргузор шудааст ва то 24-уми сентябр идома мекунад.

Ҳамзамон гуфта мешавад дар ярмарка таомҳои миллии тоҷикӣ ва маҳсулоти полезии Тоҷикистон, аз ҷумла тарбузу харбуза, хушкмева ва дигар навъи маҳсулот пешкаши меҳмонон ва мизбонон карда мешавад.

Ба қавли хабаргузориҳои русӣ, алакай 25 фур (мошини калони боркаш) маҳсулот вориди ин шаҳр шуда, дар ярмарка гузошта шудааст. ВАО-и маҳаллӣ мегӯяд нархи маҳсулоти ин ярмарка 20 дар сад аз бозори ин шаҳр арзон ба фурӯш гузошта шудааст.

Ташкили ярмаркаи маҳсулоти Тоҷикистон дар Русия дар ҳолест, ки тибқи қарори Хадамоти санитарии ин кишвар воридоти маҳсулоти меваи хушку тар аз чанд кишвар, хусусан Тоҷикистон мувақатан манъ аст. Хабарҳои охир ҳокист, ки мақомоти кишвари Русия ҳаргуна маҳсулоти кишоварзии вориднамудаи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз нуқтаҳои гумруки Русия боздошт ва нобуд мекунанд.
XS
SM
MD
LG