Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёте дар Каписо "Муҳиби ланг" кушта шуд


Дар шарқи Афғонистон як марди либоси нерӯҳои амниятии афғон дар тан рӯзи шанбе се низомии НАТО-ро ҳадафи тир қарор дод. Дар ин бора нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон дар Твиттер хабар доданд. Тафсилоте дар ин бора то ҳол нашр нашудааст.

Аз ин пештар дар вилояти Каписо, воқеъ дар шимоли Афғонистон, дар ҷараёни як амалиёти вижа "волии Толибон" Муҳибуллоҳ ва даҳ тан аз мусаллаҳони ӯ кушта шуданд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Афғонистон, зери итоати Муҳибуллоҳ, ки чун "Муҳиби ланг" маъруф буд, 120 тан аз мусаллаҳони толиб қарор доштанд.

"Волии Толибон" дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ, одамрабоӣ ва ҷалби сокинон ба сафи толибон муттаҳам мешуд. Ҳамроҳ бо Муҳибуллоҳ ду фармондеҳ, ду маргталаб ва шаш зархариди хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар мавзеи Пули Чархии вилояти Каписо рӯзи шанбе ҳамчунин фармондеҳи "Толибон" Қозӣ Маъзуллоҳ, ки ба иттилои мақомот, дар чанд ҳамлаи терррористӣ даст дорад, боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG