Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Усаги" ба соҳилҳои Ҳонконг наздик мешавад


Тӯфони харобиовар дар уқёнуси Ором, ки “Усаги” номгузорӣ шудааст, сӯи Ҳонконг ҳаракат мекунад. Ба гуфтаи мутахассисон, мудҳиштарин тӯфон дар соли равон шояд аз миёни Тайван ва Филиппин убур кунад. Тӯфон бо суръати то 200 километр дар як соат ҳаракат мекунад.

Интизор меравад, ки шабона он офати табиӣ ба шимоли Филиппин бирасад ва ин хотир мардуми ин минтақа ба дигар мавзеъ кӯчонида шуданд. Мақомоти Тайван ҳам аз ин иқдом кор гирифтанд. Дар бархе аз манотиқи Чин ҳам омодагӣ ба тӯфон идома дорад. Мутахассисон ҳадс мезананд, ки рӯзи якшанбе “Усаги” то ба Ҳонконг мерасад.

Моҳи гузашта бар асари ҳамлаи тӯфони “Утор” ба Филиппин ва манотиқи ҷанубии Чин даҳҳо нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG