Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Садр-Ситии Бағдод ду мошин инфиҷор шуд


Дар Бағдод рӯзи шанбе бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира, ба иттилои хабаргузории Ройтер, 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории Франс-пресс бошад дар бораи ду инфиҷор ва кушта шудани 8 нафар хабар додааст. Таркишҳо дар минтақаи шианишини Садр-Сити, дар наздикиҳои ҷойи маросими ҷаноза рӯй доданд. Тафсилоти дигар дар ин бора зери даст нест.

Аз ин пештар дар шаҳри Баинҷии Ироқ чаҳор маргталаб ба қароргоҳи полис ҳамла карданд. Дасти кам 6 корманди нерӯҳои зудамал ба ҳалокат расиданд. Дар тирандозӣ яке аз ҳамлагарон кушта шуд, дигарон баъд аз расидани нерӯҳои зудамал худро таркониданд. Баинҷӣ дар 180 километрии шимоли Бағдод ҷойгир аст.

Масъулияти ҳамлаҳоро ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Ба иттилои СММ, моҳи август бар асари хушунат ва ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ироқ тақрибан 800 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG