Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Абдулғанӣ Бародар зиндонро тарк гуфт


Мақомоти Покистон фармондеҳи аршад ва яке аз раҳбарони ҷунбиши “Толибон” Мулло Абдулғанӣ Бародарро аз маҳбас раҳо карданд. Дар ин бора як намояндаи вазорати умури дохилии Покистон ба хабаргузории France-Presse иттилоъ дод.

Рӯзи ҷумъа вазорати умури хориҷии Покистон бо нашри баёнияе гуфт, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар ба хотири “мусоидат ба раванди сулҳ” дар Афғонистон озод карда мешавад. Тасмим дар бораи раҳоии ин фармондеҳи аршад аввали ҳамин моҳ гирифта шуда буд. Мулло Абдулғанӣ Бародар соли 2010 дар Покистон дастгир шуда буд.

Ҳукумати Афғонистон умедвор аст, ки Мулло Бародар дар роҳандозии музокироти сулҳ бо “Толибон” кӯмак мекунад. Ба ин хотир чандин бор аз ҳукумати Покистон дархости раҳоии ӯро карда буд.

Мулло Абдулғанӣ аз муассисони “Толибон” ва аз афроди наздик ба раҳбари ҷунбиш Мулло Умар маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавад, аз ин пеш Исломобод 33 толиб, аз ҷумла Нуриддин Туробӣ, вазири адлия дар аҳди “Толибон” дар Афғонистонро аз маҳбас раҳо карда буд.
XS
SM
MD
LG