Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори як муттаҳам ба терроризм аз додгоҳи Ҳинд


Дар Ҳинд, як фарди муттаҳам ба терроризм аз толори додгоҳ фирор кардааст. Бо вуҷуди ҳузури посбонҳои зиёд, Афзал Усмонӣ, ки ба бомбгузориҳои хунин дар аёлати Гуҷарат муттаҳам мешавад, тавонистааст, рӯзи ҷумъа аз толори додгоҳе дар шаҳри Бомбай бигурезад. Афзал Усмониро ҳамроҳ бо муттаҳамони дигар ба додгоҳ оварда будаанд ва ҳоло ҷустӯҷуи ӯ идома доштааст. Афзал Усмониро узви созмони тундрави Муҳоҷиддини Ҳинд медонанд. Ӯро соли 2008 бо иттиҳоми даст доштан дар бомбгузориҳои хунин дар аёлати Гуҷарат дастгир карданд. Дар ин бомбгузориҳо 50 нафар кушта шуданд. Давлати Ҳинд созмони Муҷоҳиддини Ҳиндро соли 2010 созмони террористӣ хонда ва фаъолияти онро мамнӯъ кард.
XS
SM
MD
LG