Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Сочи кумак ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд


Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳафтаи оянда дар шаҳри Сочи кӯмак ба Тоҷикистон барои посбонии марзи кишвар бо Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Юрий Ушаков, дастёри раиси ҷумҳури Русия, рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, ки дар нишасти сарони кишварҳои узв дар рӯзи 23 сентябр бахусус масъалаи муқобила бо таҳдидҳо аз Афғонистони ноором баррасӣ хоҳад шуд, ки Тоҷикистон бо бештар аз 1000 километр марзи муштарак дорад. Қарор аст, дар ин нишаст, чанд қарор дар бораи ислоҳи сохтори Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва буҷаи он барои соли оянда қабул шавад. Ба ин созмони таҳти раҳбарии Русия, Арманистону Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус шомиланд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ин нишаст ба шаҳри Сочӣ сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG