Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идеологи собиқи Кремл ба ҳукумат баргашт


Владислав Сурков, аз идеологҳои аслии ҳукумати Русия, барои кор ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ бармегардад. Ҳукумати Маскав рӯзи ҷумъа бо нашри як баёния гуфт, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Сурковро ба ҳайси дастёри худ таъйин кардааст. Владислав Сурков, аз соли 2008 то соли 2011 муовини раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия буд ва дар он сол муовини нахуствазир таъйин шуд. Ӯро меъмори сиёсати «демократияи идорашаванда» дар аҳди Путин медонанд. Владислав Сурков моҳи майи соли равон баъди моҷаро бо раҳбарони Кумитаи Тафтишотии Русия, як ниҳоди наздик ба раҳбарони тундрав дар ҳукумат, аз мақомаш истеъфо дод. Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, гуфт, ки Владислав Сурков дар мақоми наваш масъули масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон хоҳад буд, ки ҳардуро Русия ба ҳайси кишвари мустақил эътироф кардааст.
XS
SM
MD
LG