Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастёри Мулло Умарро аз зиндон озод мекунанд


Давлати Покистон рӯзи шанбе яке аз раҳбарони баландмақоми Толибонро озод мекунад. Вазорати умури хориҷии Покистон, рӯзи ҷумъа бо нашри баёнияе гуфт, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар, барои “мусоидат ба раванди сулҳ” дар Афғонистон раҳо карда хоҳад шуд. Аввали ҳамин моҳ мақомоти Покистон гуфта буданд, ки Мулло Бародарро озод мекунанд. Ӯро соли 2010 дар Покистон дастгир карданд ва ҳукумати Афғонистон бовар дорад, ки мумкин аст, Мулло Бародар дар роҳандозии музокироти сулҳ бо Толибон кумак кунад. Ин фард аз муассисони гурӯҳи Толибон ва яке аз фармондеҳону дастёрони наздики Мулло Умар, раҳбари Толибон маҳсуб мешавад. Покистон аз ин пештар 33 толиб, аз ҷумла Нуриддин Туробӣ, вазири адлия дар аҳди Толибон дар Афғонистонро раҳо кардааст.
XS
SM
MD
LG