Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия ба нозирон аслиҳаи кимиёиашро нишон медиҳад


Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёӣ мегӯяд, ки аз ҳукумати Сурия бахше аз иттилоот дар бораи захираҳои ин навъи аслиҳа дар он кишварро дарёфт кардааст. Сухангӯи ин созмон, ки дар шаҳри Гаага қароргоҳ дорад, рӯзи ҷумъа гуфт, ки “Бахше аз мутолиотро дастрас кардаем ва мунтазири иттилооти бештар ҳастем.” Тахмин мешавад, ки ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, тақрибан 1 ҳазор тонна заҳрҳои кушандаи кимиёӣ дорад. Ҳукумати Сурия ризоият дод, ки бар асоси тавофуқи ҳосилшуда миёни Амрикову Русия ва барои эмин мондан аз ҳамлаи Амрико, ҳамаи ин аслиҳаро нобуд мекунад. Дар баёнияи дигаре Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиё гуфт, нишасти рӯзи якшанбе барои баррасии барномаи мазкур, ба таъхир гузошта шуд. Нишасти мазкур чандин дафъа аст, ки ба таъхир гузошта мешавад ва бино ба гузоришҳо, барномаи маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурия, ки бояд дар нишаст баррасӣ шавад, аз тарафи Амрикову Русия мувофиқа нашудааст.
XS
SM
MD
LG