Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоевро номзади интихобот кард


Олим Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бори дигар ба унвони номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябр муаррифӣ шуд.
Дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб, ки рӯзи 20-уми сентябр бо ҳузури 123 вакил дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, донишманди тоҷикро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур муаррифӣ карданд.

Олим Бобоев соли 2006 низ дар интихоботи президентӣ ширкат кард,вале аксаран дар сӯҳбатҳояш аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ ҳимоят мекард. Ҳарчанд ҷаноби Бобоев орои кофиро ба даст наовард, аммо пас аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ муддате вазири нақлиёт ва комуникатсияи Тоҷикистон таъйин гардид. Вай раҳбарии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистонро бар дӯш дорад.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бо ташаббуси Олим Бобоев дар соли 2005 ташкил шуд ва ба иттилои масъулони он ҳудуди 20 ҳазор узв дорад. Бад ин тартиб теъдоди номзадҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таърихи 6 ноябр, дар рӯзи қабули Қонуни Асосӣ баргузор мешавад, ба панҷ нафар расид.

Дар се рӯзи гузашта ҳизби наҳзати исломӣ - Ойниҳол Бобоназарова, демократ Саъидҷаъфар Исмонов, аграрӣ ё кишоварзӣ - Толибек Бухориев ва сотсиалист - Абдуҳалим Ғаффоровро ба унвони номзад муаррифӣ карданд.
XS
SM
MD
LG