Пайвандҳои дастрасӣ

Кумиссиюнҳои ҳавзавиро ба интихобот омода мекунанд


Рӯзи ҷумъаи 20-уми сентябр дар идораи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо иштироки раисони куммиссиёнҳои ҳавзавӣ оид ба интихоботи қарибулвуқуъи президентӣ семинарии омӯзишӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин масъулони мақомоти ҳокимияти ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат кардаанд.

Аз Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар семинари омӯзишӣ Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Коммиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Нурулло Маҳмадуллоев, узв ва Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи КМИР дар бораи мавзӯъҳои тайёрӣ ба баргузории интихоботи президентӣ, тартиби ташкили участкаҳои интихоботӣ ва комиссияҳои участкавии интихоботӣ маърӯза карданд.

Абдуманон Додоев рӯзи 20 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "кумиссиюни марказии интихобот дар нишасти рӯзи гузашта тасмим гирфт ки дар 68 ҳавзаи интихоботӣ дар қаламрави Тоҷикистон кумиссиюнҳои ҳавзавӣ таъсис дода шавад".
XS
SM
MD
LG