Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиён ҳабси хабарнигори озариро маҳкум карданд


Нишонии Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон
Нишонии Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон
Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон ҳабси рӯзноманигори мустақили озарӣ Парвиз Ҳошимлиро маҳкум намуда, раҳоии фаврии ӯро талаб кардааст.

Рӯзи панҷшанбе кумита изҳороте пахш намуда, таъкид кард, ки Ҳошимлӣ бо айбномаи сохта, боздошт шудааст.

Кумита бар ин назар аст, ки рӯзноманигорон бояд ба таври озод имкон дошта бошанд, ки интихоботи президентии 9-уми октябрро пайгирӣ кунанд.

Рӯзи сешанбе хабарнигори рӯзномаи “Бизим Йул” (Роҳи мо) Ҳошимлӣ бо нигаҳдошти аслиҳа ва муҳиммот муттаҳам шуд.

Полис дар хонаи ӯ шаш адад силоҳ вам уҳиммот пайдо кардааст.

Рӯзи чоршанбе додгоҳ боздошти пешакии Ҳошимлиро ба муддати ду моҳ иҷозат дод.

Ҳошимлӣ исрор меварзад, ки аслиҳаро худи полис дар хонаи ӯ пинҳон кардааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Озарбойҷонро бо бастани даҳони рӯзноманигорон дар арафаи интихоботи президентӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG