Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА: СММ бояд дар фикри маҳви силоҳи Сурия бошад


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ мегӯяд, Шӯрои Амнияти СММ бояд даст ба амал зада, кафолат диҳад, ки созиши маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия, ки миёни ИМА ва Русия ҳосил шудааст, дар амал татбиқ гардад. Рӯзи панҷшанбе Керрӣ дар Вашингтон гуфт:

Маҳви комили аслиҳаи кимиёии Сурия бо воситаҳои осоишта имконпазир аст. Мо ин қазияро дар СММ аз роҳи иҷрои созиши миёни Русия ва ИМА, ки дар Женева ба даст омадааст, татбиқ хоҳем кард. Бояд гуфт, ки ин созиш бояд ҳукми иҷрои ҳатмӣ касб кунад. Он бояд ба зудтарин фурсат ва таври воқеӣ иҷро шавад.”

Ба қавли Керрӣ гузориши ахири муфаттишони СММ гувоҳи он аст, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия масъули ҳамлаи кимиёии 21-уми август мебошанд. Ин ҳамла ҳаёти камаш 1400 фарди осоиштаро аз байн бурдааст.

Аммо чанд соат пеш аз изҳороти Керрӣ президенти Русия Владимир Путин ҳамлаи 21-ми августро иғво номида, илова кард, ки аслиҳаи дар ин ҳамла истифода шуда, қадимӣ буда, артиши Сурия аз истифодаи он даст кашидааст.
XS
SM
MD
LG