Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фавти кӯдаки 6-сола дар пахтачинӣ


 Комбайни пахта

Комбайни пахта

Дар вилояти Бухорои Узбакистон як тифли шашсола дар маъракаи пахтачинӣ вафот кардааст.

Як афсари ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Амирбек Раҳматов дар дохили аробаи пахта хоб буд. Ӯ афзуд, ки пахтачинҳо ӯро надида дар болояш пахта рехтаанд.

Баъдан ҳангоми холӣ намудани ароба ҷасади тифл ёфт шудааст. Ин ҳодиса рӯзи якшанбе гузашта ба вуқӯъ пайвастааст. Як рӯз пеш аз он дар вилояти Қашқадарё як донишҷӯйи пахтачин бо корд донишҷуйи дигареро ба қатл расонда, се каси дигарро захмӣ намуда буд.

Бар илова моҳи равон дар яке аз пахтазорҳои вилояти Қашқадарё донишҷӯе аз зарбаи сими барқ ҳалок шуд.

Чанд сол инҷониб созмонҳои дидбони ҳуқуқи башар Узбакистонро ба хотири ҷалби иҷбории донишҷӯёну мактаббачаҳо ба пахтачинӣ танқид мекунанд. Пахта яке аз маводи асосии содироти Узбакистон аст.
XS
SM
MD
LG