Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкилиҳо дар раванди ҷамъоварии имзо


Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова.

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, то ба имрӯз дар 9 шаҳру ноҳия иҷозаи ҷамъоварии имзоҳоро ба даст овардааст ва дар бақия навоҳӣ ба мушкил дучор омадааст.

Маркази матбуотии cитод ба Радиои «Озодӣ» гуфт, то имрӯз раисони шаҳрҳои Кӯлобу Ваҳдат, навоҳии Данғара, Ҷомӣ, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Ғончӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ба варакаҳои имзоъҷамъкунӣ муҳру имзо гузоштанд.

Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон аз 31 август номзадҳо барои шурӯъ кардан ба ҷамъоварии имзо бояд иҷозати раисони шаҳру навоҳиро дошта бошанд.

Ойниҳол Бобоназарова номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) эътилофи аҳзобу созмонҳои ҷамъиятӣ таҳти раҳбарии ҲНИТ ва ҲСДТ аст. Рӯзи 17 сентябр ҲНИТ дар анҷуманаш номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба маснади президентӣ пешниҳод кард.

Дар ҳамин ҳол, масъулони cитоди мавсуф мегӯяд, дар аксари навоҳӣ ба мушкили дарёфти иҷоза мувоҷеҳ шудааст, аз ҷумла раисони ноҳияи Бохтар ва шаҳри Турсунзода шарт гузоштаанд, ки то ҳамаи аъзои ҲНИТ-ро ба ҳукумат рушан накунанд, муҳру имзо нахоҳад гузошт. Бино ба ин манбаъ, раисони навоҳии Рашту Нуробод ба Душанбе омадаанд ва раиси ноҳияи Мӯъминобод умуман ба ҷои кор намеояд, то дар варақаҳои ҷамъоварии имзо муҳру имзо нагузоранд ва ҳам раисони навоҳии Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ваъда додаанд, ки то бегоҳи рӯзи 20 сентябр муҳру имзо хоҳанд гузошт.

Номзадҳо ба мансаби президентии Тоҷикистон то 7 октябр бояд 210 ҳазор имзо ҷамъ оранд.

То ба ҳол ба ҷуз Ойниҳол Бобоназарова, раиси Ҳизби демократ Саидҷафъар Усмонов, раиси Ҳизби сотсиалист – Абдуҳалим Ғаффоров, муовини раиси Ҳизби аграрӣ – Толиббек Бухориев номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шудаанд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 21 сентябр ва Ҳизби халқии демократӣ 4 октябр номзади худро пешниҳод хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG