Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми афғон ба Толибон пайвастааст


Бино ба гузоришҳо, раиси як ноҳия ва вакили собиқи мардумӣ дар порлумони Афғонистон ба сафи Толибон пайвастааст. Абдулҷобир Ҳақбин, раиси ноҳияи Сарипул, ба Радиои Озодӣ гуфт, Қозӣ Абдулҳай ҳамин ҳафта нопадид шудааст ва бовар меравад ба Толибон ҳамроҳ шуда бошад. Қозӣ Абдулҳай то чанд вақт пеш раиси ноҳияи дурдасти Куҳистонот буд ва қабл аз сабукдӯш шуданаш ба гуфтаи Абдулҷобир Ҳақбин аз мақомаш истеъфо дод. Дар як видеое, ки дар торнамои Толибон нашр шудааст, Қозӣ Абдулҳай мегӯяд, ки аз ҳукумати раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай ва ҳомиёни ғарбиаш дилсард шудааст. Гуфта мешавад, ки ду муҳофизаш низ ҳамроҳи ӯ ба сафи Толибон пайвастаанд. Бори аввал аст, ки як раиси ноҳия дар Афғонистон ба тарафи Толибон мегузарад.
XS
SM
MD
LG