Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як пулиси Миср дар даргирӣ кушта шуд


Бино ба гузориши телевизиони давлатии Миср, дар даргирӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҳошияи шаҳри Қоҳира, як маъмури пулис кушта шудааст. Ҳодиса рӯзи панҷшанбе ва замоне сурат гирифтааст, ки нерӯҳои амниятӣ барои боздошти муттаҳамон ба қатли 11 кормандони пулис ба ноҳияи Кердаса ҳаракат кардаанд. Ҳамла ба маъмурони пулис моҳи июл ва баъди барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср сурат гирифт. Ба гуфтаи матбуоти давлатӣ, нерӯҳои амниятӣ ноҳияи Кердасаро таҳти контрол гирифта ва дар он қуюди шабгардӣ эълон кардаанд. Дигар ин ки дар метрои шаҳри Қоҳира рӯзи панҷшанбе ду бомби худсохти оддӣ пайдо ва онҳоро хунсо кардаанд.
XS
SM
MD
LG