Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон мегӯянд, 20 сарбози афғонро куштанд


Ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо ҳамлаи ғофилгирона ба корвони мошинҳои маъмурони пулис, 20 нафари онҳоро куштаанд ва 12 тани дигарро асир гирифтаанд. Муҳаммад Байдар, муовини раиси вилоят бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар миёни худи Толибон низ талафот бисёр зиёд аст, аммо шуморае ироа накард. Толибон гуфтанд, ки 25 сарбози давлатро кушта ва 12 нафари дигар аз ҷумла як афсарро асир гирифтаанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки ҳеҷ кас ба асорати Толибон наёфтааст. Бино ба гузориши матбуоти Афғонистон дар ноҳияи Вардуҷи Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон, ин ҳафта амалиёт барои маҳви Толибон ва “террористони хориҷии шарики онҳо идома дошт.”
XS
SM
MD
LG