Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Расмуссен ба гузинаи низомӣ алайҳи Сурия


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ, гуфтааст, бояд гузинаи амалиёти низомӣ алайҳи Сурия ҳамчунон боқӣ бимонад. Рӯзи панҷшанбе, зимни суханронӣ дар шаҳри Брюссел, ӯ аз созиши Амрикову Русия барои маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия истиқбол кард, аммо гуфт, ҳифзи гузинаи низомӣ “ба раванди дипломатӣ ва сиёсӣ нерӯ мебахшад”. Андерс Фог Расмуссен гуфт, ки бе ҳеҷ шакку шубҳа, истифодаи аслиҳаи кимиёӣ дар рӯзи 21 август, дар наздикии шаҳри Димишқ, ки бештар аз 1400 нафарро кушт, кори дасти ҳукумати Сурия аст. Аз ин пеш Башор Ассад, раиси ҷумҳури Сурия гуфт, ҳукуматаш созишномаи маҳви аслиҳаи кимиёии он кишварро амалӣ хоҳад кард, аммо ба қавли ӯ барои маҳви захираҳои ин аслиҳа тақрибан як сол ва 1 миллиард доллар лозим мешавад. Башор Асад дигарбора гуфт, ки артиши Сурия, аз ин аслиҳа ба кор набурдааст.
XS
SM
MD
LG