Пайвандҳои дастрасӣ

Сотсиал-демократҳо рӯзи 6 октябр анҷуман барпо мекунанд


Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон(ҲСДТ) мегӯяд, рӯзи 6 октябр, як рӯз қабл аз анҷоми пешбарии номзадҳо ба мақоми президентӣ анҷумани худро баргузор мекунад. Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шароити кунунӣ баргузор кардани анҷуман зарурате ҳам надорад, чун номзади ягонаро ҲНИТ пешниҳод кард, Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки ҲСДТ низ узви он аст, амалан ба ҷамъоварии имзо машғул аст. Вай афзуд, ҲСД метавонист умуман анҷуман баргузор накунад, вале рӯзи 6 ноябр ба хотири баррасии стратегияи ширкати ҳизбашу аъзояш дар интихобот анҷуман мегузаронад.
Қаблан ҲСДТ эълом дошта буд, ки анҷумани ғайринавбатии ҳизб рӯзи 23 сентябр баргузор мешавад, аммо то ба имрӯз барои баргузории он маконе пайдо нашудааст. Раҳматулло Зойиров гуфт, сабаби 6 октябр баргузор шудани анҷуман мушкили ҷой набуд, балки дар сурати зарурат онҳо метавонистанд анҷуманро ҳатто дар кӯча барпо кунанд.
XS
SM
MD
LG