Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонӣ мегӯяд, Эрон бомби атомӣ нахоҳад сохт


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, мегӯяд, ҳукуматаш ҳеҷ гоҳ бомби атомӣ намесозад ва ихтиёри томи музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ғарбӣ дар бораи барномаҳои атомии Эрон дар дасти ӯст. Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе бо телевизиони амрикоии Эн Би Си сухан гуфт. Ӯ афзуд, ки аз Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот “номаи мусбату созандае” гирифтааст. Қарор аст, раиси ҷумҳури Эрон ҳафтаи оянда барои ширкат дар нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милал ба шаҳри Ню Йорк сафар кунад. Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед, гуфт, ки Барак Обама ҳоло қасд надоштааст, ки бо Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Умумӣ мулоқот кунад. Ба қавли ӯ, Амрико қавлу амали Рӯҳониро хоҳад санҷид, ки гуфтааст, мехоҳад, равобити Эрон бо кишварҳои ғарбиро беҳбуд бахшад.
XS
SM
MD
LG