Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар Бозиҳои варзишии авруосиёии наврасон пешсаф аст


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III варзишии авруосиёии наврасон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон 42 медал (2 тилло, 8 нуқра ва 32 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Дар ин бозиҳо, ки бо тасмими кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шудаанд, варзишгарони навраси солҳои таваллудашон 1996 – 2000-ум аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Ба барномаи Бозиҳо 13 навъи варзиш дохил аст. Варзишгарони наврас то рӯзи 20-уми сентябр мубориза мебаранд.

Ҷой аз рӯи медалҳои тилло Кишварҳо Медалҳо Ҷой аз рӯи шумораи медалҳо
Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Русия 95 52 21 168 1
2 Қазоқистон 49 62 32 143 2
3 Беларус 5 11 20 36 5
4 Қирғизистон 3 9 40 52 3
5 Тоҷикистон 2 8 32 42 4
Ҳамагӣ: 154 142 145 441

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG