Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Тоҷикистон барои бештар шудани зоирони Ҳаҷ қонеъ нашуд


Масъулони Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯянд, ки Арабистони Саъудӣ тақозои ин кишвар барои бештар кардани шумораи зоирони тоҷикро беҷавоб монд.

Мавлон Мухторов, муовини раиси кумитаи умури дини Тоҷикистон гуфт, ки нахустин гурӯҳ аз зоирони тоҷик субҳи рӯзи шанбеи 21 сентябр роҳии Хонаи Худо мешаванд, ки созмондиҳандагони маъракаи Ҳаҷ - 2013 тамои шароити рафту омад ва буду боши онҳро дар назар гирфтаанд. Сафар ба Макка тариқи ҳавопаймоҳои ширкатҳои "Сомонэйр" ва "Тоҷикэйр" то 3 октябр идома мекунад.

Аммо ҷаноби Мухторов аз он изҳори таассуф кард, ки "муаттасифона Арабистони Саъудӣ 20 дар сади боқимондаи ҷойҳо барои зоирони тоҷикро надод ва ба ин тартиб 6 ҳазор зоир ин танҳо 80 дар сади тақозои ҷониби Тоҷикистон аст ба Ҳаҷ мераванд."

Мавлонов афзуд, то кунун мақомоти Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон аз рӯи 6 миллион аҳолӣ ҷой барои сафари ҳаҷ ҷудо мекарданд, дар ҳоле ки аҳолии кишвар ҳозир ба 8 миллион нафар расида аст. Бинобар ин ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо Тоҷикистон аз Арабистони Саъудӣ имсол ҷойи бештар барои зоирин тақозо кардааст.

Бояд гуфт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қаблан ба шоҳи Арабистони Саъудӣ барои бештар ҷудо кардани ҷой ба зоирини тоҷик ҷиҳати сафари ҳаҷ нома навишта буд. Аммо ба гуфтаи масъулон дар ниҳоят тақозои ҷониби Тоҷикистон барои фароҳам кардани 20 дар сади дигар барои зиёрати сокинони Тоҷикистон аз суи Арабистони Саъудӣ пазируфта нашуд.

Сафари ҳаҷ, ки яке аз муҳимтарин рукнҳои дини Ислом ба шумор меравад, шумори ҳарчи бештари сокинони Тоҷикистонро ба он ҷалб мекунад. Вуҷуди квота ва ё шумори дақиқи зоирон, ки аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саъудӣ барои ҳар кишвар муайян мешавад, боиси он мешавад, ки баъзе мақомоти масъул барои ҷой кардани номзадҳои мавриди назари худ ба рӯйхатҳо муттаҳам шудаанд. Соли гузашта дар манотиқи Тоҷикистон чанд мақоми нозири сафари ҳаҷ барои гирифтани пора аз зоирон муҷозот шуданд.
XS
SM
MD
LG