Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов аз сар гирифта шуд


Имрӯз, панҷшанбеи 19 сентябр пас аз як танаффуси кӯтоҳ, мурофиаи додгоҳӣ нисбати Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва соҳибкори муваффақ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ идома пайдо кард.

Пайвандони Зайд Саидов, ки чун рӯзҳои қабл дуртар аз бинои боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мунтазир ҳастанд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вакилони дифоъ, Файзиддин Шеров ва Хайрулло Саидов, бародар ва писари Зайд Саидов дар мурофиа ҳастанд ва баррасии парванда ҷараён дорад.

Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов, низ рӯзи гузашта гуфт, ки пурсиши мувакилаш аз руи 8 иттиҳоме, ки ба вай нисбат дода шудааст, идома пайдо хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи сешанбеи 7 сентябр дар мурофаи додгоҳӣ ду тан аз касоне, ки ба гуфтаи мақомот, аз Зайд Саидов ҷабр дидаанд, пурсида шуда буданд.

Шӯҳрат Қудратов, яке дигар аз вакилони дифоъи Зайд Саидов гуфта буд, бо он ки ҷабрдидаҳо дар додгоҳ таъкид карданд, ки аз дасти Зайд Саидов дар порагирӣ ва қаллобӣ ҷабр дидаанд, аммо худи Саидов ин иддаоҳоро рад карда ва онҳоро туҳмат медонад.

Вакили дифоъ ба сабаби "махфӣ" будани парванда аз ифшои номи ҷабрдидаҳо ва шарҳи ҷузъиёти бештари мурофиа худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG