Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон: Финал - Русия - Туркманистон


Дастаҳои мунтахаби наврасони футболи Русия ва Туркманистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ба финал баромаданд.

Дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон баргузор шуд, мунтахаби Русия бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 7:1 пирӯз шуд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ мунтахаби Туркманистон бар дастаи Узбакистон бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб дар бозии ниҳоӣ, ки шоми имрӯз, 19-уми сентябр, барпо мегардад, дастаҳои Туркманистон ва Русия барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон мубориза мебаранд. Пеш аз ин бозӣ дастаҳои Қирғизистон ва Узбакистон барои ҷойи севум талош хоҳанд кард.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолиб бо Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар сарфароз мешавад. Барои ҷойи дувум 10 ҳазор доллар ва барои ҷойи севум 5 ҳазор доллар муқаррар шудааст.

Дастаи Тоҷикистон, ки бидуни имтиёз дар гурӯҳи “А” дар мақоми охирин қарор гирифт, рӯзи 18-уми сентябр барои ҷойҳои 7-8-ум бо тими Кувайт, ки дар гурӯҳи “В” дар зинаи охирин ҷойгир шуд, рақобат кард. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ Кувайт бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад ва мақоми 7-умро касб кард. Мунтахаби Тоҷикистон, ки аз ҳисоби шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (РШВСМ) оид ба футбол ташкил ёфта буд, дар ҳамаи 4 бозӣ шикаст хӯрд ва дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон дар зинаи охирин - 8-ум қарор гирифт.

НАТОИҶИ БОЗИҲО
10-уми сентябр
Русия – Тоҷикистон – 7:0
Беларус – Узбакистон - 1:2

11-уми сентябр
Қирғизистон – Кувайт – 1:1
Туркманистон – Эрон – 6:2

12-уми сентябр
Тоҷикистон – Узбакистон – 0:7
Русия – Беларус – 1:0

13-уми сентябр
Эрон – Кувайт – 2:1
Туркманистон – Қирғизистон -5:0

14-уми сентябр
Беларус – Тоҷикистон – 2:1
Узбакистон – Русия – 0:2

15-уми сентябр
Эрон – Қирғизистон -2:3
Кувайт – Туркманистон -0:5

17-уми сентябр
1/2 финал
Русия – Қирғизистон – 7:1
Туркманистон – Узбакистон – 4:0

18-уми сентябр
Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
Тоҷикистон – Кувайт – 1:1 (аз рӯи силсилаи пеналтӣ - 2:4)

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
Беларус – Эрон – 6:2

19-уми сентябр
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
Қирғизистон - Узбакистон
ФИНАЛ
Русия - Туркманистон
XS
SM
MD
LG