Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров: Санади фитна будани ҳамлаи кимиёвиро дарёфтем


Cергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, муовинаш Сергей Рябков дар Димишқ аснодеро дастрас кардааст, ки дасиса будани ҳамлаи кимиёвии рӯзи 21 август дар канори шаҳри Димишқро собит мекунад.

Аз ин пеш Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷмааи кулли Созмони Милал гуфт, ки Маскав барои омӯзиши ҷиддии далелҳои фитнаву дасиса будани ҳамлаи кимиёвӣ дар канори пойтахти Сурия пойфишорӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз дасиса – “мусоидат ба дахолати низомӣ ба низоъ дар Сурия” буд. Виталий Чуркин ба ҳайси далел боздошти мухолифини мусаллаҳ дар Туркия дар моҳи май ва аз онҳо мусодира шудани гази заринро овард.

Сергей Рябков рӯзи чаҳоршанбе дар Димишқ бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад мулоқот дошт. Башор Асад аз Маскав барои пуштибонӣ аз ҳукуматаш изҳори сипос кард.

Раҳбари гурӯҳи нозирони СММ Ааке Селлстрём рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузории Франс-пресс гуфт, ки онҳо ба Сурия бармегарданд ва ин дафъа фарзияҳои аз сӯи кадом нерӯҳо истифода шудани силоҳи кимиёӣ дар канори Димишро пажуҳиш хоҳанд кард. Гуфта мешавад, бар асари ҳамлаи кимиёвӣ тақрибан 1400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Чанд рӯз пеш нозирони СММ далелҳои дар Сурия истифода шудани гази заринро дар ихтиёри Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гузоштанд.

ИМА ва ҳампаймонҳои ғарбияш мутмаинанд, ки ҳамлаи кимиёвӣ – кори дасти ҷонибдорони раисиҷумҳур Башор Асаданд. Аммо Димишқ ин иттиҳомро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG