Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазияи куштор дар Балуҷистони Покистон тафтиш мешавад


Мақомоти Афғонистону Покистон қазияи кушта шудани дасти кам панҷ нафар дар наздикиҳои рустои Шумқамари Корези вилояти Балуҷистони Покистонро тафтиш мекунанд. Гуфта мешавад, ки афроди либоси артиши афғон дар тан чанд тан аз сокинони ин деҳаи воқеъ дар марз бо Афғонистонро захмӣ карданд. Мақомоти Покистон гуфтанд, ки талоши муқаррар кардани шахсияти ҳамлагаронро доранд.

Аммо раиси полиси вилояти Пактикои Афғонистон Давлатхон Зардон гуфт, ки дар ин ҳодиса толибон аз сӯи сарбозони афғон кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ ҷасади се нафар аз кушташудагон то ҳол дар қаламрави Афғонистон аст.

Исломободу Кобул пайваста ҳамдигарро дар ҳамлаҳо ба манотиқи марзӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG