Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев тарҳи созиши ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро пазируфт


Николай Азаров
Николай Азаров
Ҳукумати Украина рӯзи чаҳоршанбе тарҳи созиш дар бораи ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро пазируфт. Интизор меравад, ки ин санад моҳи ноябри соли равон дар нишасти кишварҳои узви “Ҳамкориҳои шарқӣ” дар шаҳри Вилнюс имзо шавад.

Николай Азаров, нахуствазири Украина дар нишасти ҳукумат гуфт, дар чаҳорчӯби ин созиш Киев ӯҳдадор шудааст, ки қонунгузориҳои худро бо қавонини Иттиҳодияи Аврупо мутобиқ мекунад. Ҳамчунин тайи даҳ соли оянда Украина бояд иқтисоди худро навсозӣ кунад, то он бо иқтисоди Аврупо рақобатпазир бошад.

Раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Украина Ян Томбински пазируфта шудани созиш аз сӯи Киевро “гоми муҳим” номид ва изҳор намуд, ки тасвиби он комёбии муштараки шаҳрванди Украина ва Иттиҳодияи Аврупо хоҳад шуд.

Маскав барои он талош дорад, ки Украина аз имзои созиш бо Иттиҳодияи Аврупо сарпечӣ кунад ва ба Иттиҳодияи гумрукии Русия, Белорус ва Қазоқистон ҳамроҳ шавад.
XS
SM
MD
LG