Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиб барои шикори ғайриқонунӣ бо фоҷиа поён ёфт


Дар Австрия ҷасаде шахсе пайдо гардид, ки дар куштори чаҳор нафар гумонбар мешавад. Ҷасади ӯ ва ҷасади шахси чаҳоруми аз сӯяш кушташударо кормандони полис дар 90 километрии ғарби шаҳри Вена ошкор намуданд.

Ин ҳодиса рӯзи душанбе баъд аз он шурӯъ шуд, ки кормандони полис кӯшиши боздошти Алоис Ҳубер, гумонбар дар шикори ғайриқонуниро намуданд. Аммо ӯ як корманди полис ва як наҷотбахшро ҳадафи тир қарор дода, ба ҷангал фирор кард. Ҳангоми таъқиб боз як корманди полис кушта шуд. Ҳубер корманди сеюми полисро гаравгон гирифт ва дар мошини ӯ ғайб зад. Баъд аз ин, ба иттилои идораи полис, Алоис Ҳубер худро оташ зад, вале қабл аз ин гаравгонро ба қатл расонд.
XS
SM
MD
LG