Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби сотсиалист А.Ғаффоровро пешбарӣ кард


Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ба унвони номзад дар интихоботи қарибулвуқуғи президентӣ муаррифӣ шуд. Ин тасмим имрӯз, чоршанбеи 18 сентябр дар ҷараёни баргузории анҷумани ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ва бо ширкати ҳудуди 80 вакил гирифта шуд.
Ҷаноби Ғаффоров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки анҷуман бо аксарияти оро номзадии ӯро ба интихобот пешниҳод кард. Ду тани дигар, аз ҷумла Маъруфҷон Юсуфов, раҳбари созмони ҳизбӣ дар вилояти Суғд ва Зариф Наимов, раҳбари созмони душанбегии ҳизб низ аз сӯи вакилон пешниҳод шуда буд. Аммо онҳо номзадии худро бозпас хонданд ва Абдуҳалим Ғаффоров, барои бори дувум номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон шуд.
Ҷаноби Ғаффоров дар интихоботи президентии соли 2006 аз ҷумлаи номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ буд, вале натавонист орои зиёд ба даст орад. Як моҳ пеш, замоне ки ҳанӯз таърихи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон маълум нашуда буд, Абдуҳалим Ғаффоров ба Радиои Оздӣ гуфта буд, ки мехоҳад дар ин интихобот ҳам ширкат кунад.
Феълан ба иттилоъи масъулони ҳизби сотсиалист, ин ташаккул, ки дар миёнаҳои солҳои 90 аз сӯи раиси собиқи Шӯрои Олх Сафаралӣ Кенҷаев таъсис шуда буд, 18 ҳазору 972 узв дорад. Аммо сиёсатшиносон мегӯянд, ҳизби сотсиалист нуфуз ва таъсиреро, ки дар даврони Кенҷаев дошт, аз даст дода, амалан ба яке аз ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG