Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи "Қуллаи Исмоили Сомонӣ" дар Санкт Петербург


Дар шаҳри Санкт Петербурги Русия дар бинои нави Китобхонаи миллии ин кишвар имрӯз 18-уми сентябр намоишгоҳи «80- солагии фатҳи қуллаи Сталин (ҳоло қуллаи Исмоили Сомонӣ)» баргузор шуд.

Тавре аз Китобхонаи миллии Русия хабар додаанд, қуллаи Исмоили Сомонӣ, натанҳо аз ҳама қуллаи зебо, ҳамчунин қуллаи аз ҳама баланд (7495 м) дар ҳудуди собиқ давлати шӯравӣ, ки дар шимолу ғарбии Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст, мебошад. Ин қулла соли 1928 дар замони гурӯҳи кори олимони шӯравиву олмонӣ фатҳ шуда буд ва то соли 1962 номи «Қуллаи Сталин»-ро дошт. Баъдан бо «Қуллаи Коммунизм» тағйир ном кард. Баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар соли 1999 бо арҷгузорӣ ба аввалин поягузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ «Қуллаи Исмоили Сомонӣ» ном гирифт.
XS
SM
MD
LG