Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаҳо дар Ироқ 29 нафар кушта шудаанд


Дар силсилаи ҳамлаву бомбгузориҳо дар гӯшаҳои мухталифи Ироқ дасти кам 29 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, рӯзи сешанбе танҳо дар шаҳри Бағдод бар асари бомбгузориҳо дар бозору маҳаллаҳои маскунӣ 20 нафар кушта ва тақрибан 90 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар шаҳрҳои Фалуҷа ва Мосул афроди мусаллаҳ ва бомбгузорон маъмурони амниятиро ҳадаф гирифта ва аз ҷумла дар Мосул 6 маъмури пулисро куштаанд. Авҷ гирифтани ҳамлаву бомбгузориҳо дар Ироқ ин нигарониҳоро барангехтааст, ки мумкин аст, муноқишаҳои мазҳабии хунини солҳои 2006-2007 дар ин кишвар такрор шавад. Соли равон бештар аз 4 ҳазор нафар дар Ироқ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG