Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилма Руссеф сафараш ба Амрикоро ба таъхир андохт


Дилма Руссеф, раиси ҷумҳури Бразилия, бинобар нигарониҳо аз ҷосусии маъмуронии амниятии Иёлоти Муттаҳида дар он кишвар, сафараш ба Амрикоро ба таъхир гузоштааст. Кохи Сафед гуфт, ки раиси ҷумҳур Барак Обама дар ин бора рӯзи сешанбе бо Дилма Руссеф суҳбат карда ва гуфтааст, “аз он мутаасиф аст, ки ишфои кори маъмурони иттилоотии Амрико дар Бразилия сару садо барангехтааст.” Ба гуфтаи Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед, Барак Обама ба раиси ҷумҳури Бразилия ҳамчунин гуфтааст, ки “ҳукуматаш азм дорад бо ҳамкорӣ бо ҳукумати Бразилия, аз ин масоили танишбарангез дар ҳамкориҳои дуҷониба бигзарад”. Дар санадҳои махфие, ки Эдвард Сноуден, маъмури собиқи амниятии Амрико ошкор кард, омадааст, ки Оҷонси Амнияти Миллии Иёлоти Муттаҳида, мукотиботи раиси ҷумҳури Бразилия бо дастёронашро мехондааст. Таъхири сафар ба Амрико аломате аз нороҳатии раиси ҷумҳури Бразилия аз ин қазия дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG