Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти пойгоҳҳои баҳрии Амрико арзёбӣ мешавад


Ба думболи тирандозии маргбор дар як пойгоҳи низомии баҳрии Иёлоти Муттаҳида, амр додаанд, то тадобири амниятии тамоми таъсисоти ин нерӯҳо арзёбӣ шавад. Рӯзи душанбе як сарбози собиқи ин нерӯҳо бо тирандозӣ дар пойгоҳи низомие дар наздикии шаҳри Вашингтон 12 нафарро кушт. Ҳоло мақомот ин суолро матраҳ кардаанд, ки чӣ гуна ба сарбози гирифтори бемории равонӣ ва ҳам бо собиқаи бадрафторӣ иҷозаи кор дар ин пойгоҳ дода шудааст. Аарон Алексиси 34-сола корманди қарордодии Нерӯҳои Баҳрии Амрико рӯзи душанбе бо санади қонунӣ вориди пойгоҳ шуда ва ба тирандозӣ шурӯъ кард. Мақомоти расмӣ рӯзи сешанбе гуфтанд, ки Аарон Алексис аз бемории равонӣ табобат гирифта ва "худ ба худ садо мешунидааст." Аарон Алексис ҳамчунин дар гузашта ғайриқонунӣ аз аслиҳа истифода кардааст. Ӯ ҳангоми муқовимат ба маъмурони пулис кушта шуд. Сабабҳои тирандозиаш ҳам ҳанӯз маълум нест.
XS
SM
MD
LG